ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир бемористони шаҳри Кӯлоб 12 нафар пас аз сар задани садамаи магбор бистарӣ шуданд, гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ.
“Шаш нафар дар шӯъбаи умумӣ ва 6 тани дигар дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд”- тавзеҳ дод вазир.
Вазир гуфт, аз шаш нафари дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарибуда, вазъи се тан ниҳоят вазнин буд ва табибон натавонистанд ҷони ду нафарро наҷот диҳанд.
Ҳоло дар ин шуъба 4 бемор бистариянд ва вазъи яке аз онҳо ниҳоят вазнин аст.
Вазири тандурустии кишвар таъкид кард, ки бар асари ин садамаи мудҳиш 10 кушта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми августи соли 2023 соатҳои 19 ба 20-и шом дар шаҳри Кӯлоб садамаи нақлиётӣ рух дод.
Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” ба садамаи мудҳиш дучор шуд. Дар ин садама 23 нафар куштаву захиӣ ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар ин ҳодиса 10 нафар фавтида ва 13 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Чанде пеш Президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон дар садамаи пурқурбонии Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори тадбирҳои фаврӣ барои кумаки моддӣ ба хонаводаҳои ҳалокшудагон, табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида дар садамаи Кӯлоб шуд.
Ахиран хабар расид, ки ҳукумати Тоҷикистон ба афроде, ки худравҳояшон зимни садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб зарар дид, мошинҳои нав ҳадя кардааст.
Ба маълумоти манбаъ, 7 нафар аз зарардидагон имрӯз 9 август пеш аз зӯҳр соҳиби мошин нав гардиданд.
Дар мавриди сохтмони хонаҳои зарардида бошад, намояндаи мақомоти маҳаллӣ гуфт, ки он рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд.