ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Шатранҷбози даҳсолаи тоҷик Ёсамин Хоҷаева дар чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои мактаббачагон, ки дар Қазоқистон баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард.
Пас аз ба даст овардани медали тилло дар сабқати инфиродӣ, духтарак дар бораи баромади худ ба Sputnik Тоҷикистон ва ҳиссиёташ нақл кард.
"Дар Қазоқистон чемпионати хеле хуб баргузор шуд, ҳамааш ба ман писанд омад. Албатта, аз худам чунин муваффақиятро интизор набудам, аммо дар ин бора орзу доштам", - гуфт ғолиби наврас.
Илова бар ин, духтар ба ҳамаи онҳое, ки ӯро дастгирӣ карданд, ташаккур гуфт.
"Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки маро дастгирӣ карданд. Кӯшиш мекунам, ки минбаъд низ дар сатҳи баланд баромад кунам ва медалҳои бештар ба даст орам", - гуфт қаҳрамони ҷавон ҳангоми ба Душанбе омадан.
Қаблан тими Тоҷикистон, ки 5 шатранҷбозро дар бар мегирифт, ба Тоҷикистон баргашт.
Ин ҳайатро хешу табор, дустон, намояндагони ВАО гарм пешвоз гирифтанд.
Худи ин мусобиқа тақрибан 400 кӯдакро аз 53 кишвари ҷаҳон гирд овард.
Чунин мусобиқаҳо дар таърихи шоҳмот бори аввал гузаронда шуданд, зеро дар онҳо на дастпарварони риштаи шоҳмот, балки мактаббачагони хаваскор иштирок доштанд.
Ёсамин Хоҷаева бо 5,5 хол натиҷаи беҳтарин нишон дод.