ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Шарики асосии тиҷории Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ мондааст, иттилоъ додааст Ашурбой Солеҳзода муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои Солеҳзода, дар давраи ҳисоботӣ шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон давлатҳои Русия (24,8%), Чин (20,6%), Қазоқистон (16,4%), Ӯзбекистон (6,5%), Туркия (5,2%), ИМА (4,1%), Эрон (3,3%), Олмон (2,7%), Ҷопон (2,5%), Ҳиндустон ва Беларус (1,4%), Афғонистон ва Корея (1,2%), Покистон (1,1%) ва дигар кишварҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Ашӯрбой Солеҳзода содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли равон 678,6 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% ё 536,6 млн. доллар кам аст.
Омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот ин кам шудани ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд.
Дар ин давра воридоти мол ба 2,7 млрд доллар баробар гардида, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2022 19,1% ё 438,4 млн. доллар зиёд шудааст.