ДУШАНБЕ, 10 август — Sputnik. Федератсияи Футболи Тоҷикистон бо мутахассиси 55-солаи итолиёӣ Марко Раҷини қарордоди ҳамкорӣ баст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, ин қарордод, зимни ҷаласаи васеи шӯрои Кумитаи техникии ФФТ имзо шуд.
Таъкид шудааст, ки коршинос ба ҳайси мушовири техникӣ дар бахши таълими ФФТ фаъолият хоҳад кард.
Дар ҷаласа ноибони президент Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров ширкат доштанд.
Ҳамчунин дар нишаст, нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2023 баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир мутахассиси хорватӣ - Петр Сегрти сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон аст. ФФТ бо ин мутахассиси хорватӣ моҳи январи соли 2022 шартнома имзо карда буд.
Петр Сегрт соли 1966 дар Хорватия ба дунё омада, дар Олмон ба воя расидааст. Ба сифати ёвар ва сармураббӣ дар дастаҳои Олмон, Австрия, Индонезия, тими мунтахаби ҷавонони Гурҷистон, мунтахабҳои Афғонистон ва Малдив кор карда, бо тими Малдив ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 ноил гардидааст.