Кӣ ва чи қадар?: Мақомоти андоз дар вилояти Суғд сарояндаҳои қарздорро номбар карданд

Мақомоти андози вилояти Суғд ахиран эълон кард, ки нисбати сарояндаҳо чораҳои маҷбуран ситонидани қарзро тадбиқ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Давоми нисмолаи аввали соли ҷорӣ гурӯҳе аз санъаткорони Суғд дар пардохти маблағи андоз қарздор шудаанд.
Ҳаҷми аз ҳама баланди қарз ба ҳофизоне рост меояд, ки дар ноҳияҳои Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров фаъолият мекунанд.
Дар ин бора Абдуқайюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти ӯ, ҳоло 11 санъаткор дар пардохт намудани 118 ҳазор сомонӣ аз андоз қарздоранд.
“Бинобар саривақт пардохт нашудан, чораҳои маҷбуран ситонидани қарзро татбиқ намуда корбариро идома медиҳем” – гуфт, сардори Раёсат.
Ин манбаъ ному насаби санъаткорон ва маҳалли фаъолияти онҳоро ном бурд, ки дар ин давра ҳаҷми қарзашон аз ҳама бештар шудааст.
Санҷиши пеш аз тӯй садҳо арӯсу домоди касалро дар Тоҷикистон ошкор кард: кадом бемориҳо?
Дар феҳристи Идораи андоз исми Содиқов Сафарҷон Маъруфович, Раҷабов Машраф Қурбонович, Кенҷаев Соибҷон Сангинбоевич - сарояндаҳо аз ноҳияи Зафаробод ва Айтматов Дилшод Сафарович сароянда аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабт шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо 16 – 30 ҳазор сомонӣ барои пардохти андоз қарздор будаанд.
Масъулони Идораи андози Суғд гуфтанд, ки алҳол дар вилоят 154 адад туйхонаҳо, 192 нафар санъаткорон, 249 наворбардорон ва 160 дигар ҳунармандон ба хизматрасониҳо дар тӯю сури мардум фаъолият мекунанд ва аз ин ҳисоб андоз пардохт менамоянд.