ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Аз ҳаҷми умумии 80 млн метри мукааб сангу шағали пешбинигардида барои сарбанди нерӯгоҳи "Роғун" то ҳол ба андозаи 19 млн метри мукааб мавод дар қабатҳои болоию поёнӣ хобонида шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, иттилоъ дода, афзуд, ки маводи хобондашуда дар сарбанд 23%-ро ташкил медиҳанд.
Манбаъ афзуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии нерӯгоҳ шинос гардид.
Таъкид шудаст, ки дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноиаш 133 метр ва баландии он 23 метрро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ ба иттилои котиботи президент, хобонидани маводҳо дар қисмати болоии сарбанд то имрӯз ба 1140 метр аз сатҳи баҳр расидааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
"Андозаи болоии нигоҳдории об баъдиобгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад", - таъкид намуд манбаъ.
Зикр гардидаст, ки ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ дар асоси нақша бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.