Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо сохтмони роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои ободонию вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти гидроэнергетикӣ ба шаҳри Роғун сафар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Сафари президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шиносоӣ бо навсозии роҳи мошингарди "Роғун-Обигарм-Нуробод" ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб оғоз гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки сохтмони роҳи автомобилгард аз Неругоҳи барқи обии Роғун то Неругоҳи барқи обии Шӯроб моҳи октябри соли 2023 оғоз гардида, дарозии умумии лоиҳавӣ наздики 10 километр мебошад.
Дар ин масир аз ҷумла бунёди як пул бо дарозии наздики 1,6 километр ва дигар намуди корҳои роҳсозӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ роҳи мазкур ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Сел 400 метр роҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахшро баст
"Сохтмони қисмати роҳи автомобилгарди даромадгоҳи шаҳри Роғун, ки дарозии он аз рӯи лоиҳа 11 километрро ташкил медиҳад, барои интиқоли молу маҳсулот ва боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти калони иҷтимоию иқтисодӣ дорад", - таъкид намуд манбаъ.
Зикр шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин масир бо супориши президент соли 2021 оғоз гардида буд.
Қабати асосии роҳ – гузоштани обравҳо ва селпертоҳо пурра омода гардида, айни ҳол бо ҷалби техникаву механизмҳои роҳсозӣ корҳои мумфаршкунӣ аз ду тараф ҳам аз қисмати марказии шаҳр ва ҳам аз қисмати даромад ба шаҳри Роғун ҷараён дорад, таъкид намуд дафтари матбуот.
Президент аз роҳсозон хост, корҳои сохтмониро аз ҷумла дар масири Роғун - Обигарм - Нуробод бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муаяншуда ба анҷом расонанд, то ин масир ба мардум садсолаҳо хизмат намояд.