ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Агентии содироти Тоҷикистон аз эҷоди макотиби содирот дар саросари кишвар хабар дод.
Раиси Агентӣ, Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки ба хотири баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди инфрасохтори нигаҳдорӣ ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ як силсилаи бузурге аз марокизи логистикӣ эҷод кунад.
Вай изҳор дошт, ки ин марокиз аз сардхонаву анбор ва корхонаҳои бандубасту коркард иборат хоҳанд буд.
Сироҷиддинзода афзуд, ҳадаф ҳам босифат нигоҳ доштан ва коркард ва ҳам сода кардани дастрасии харидорон ба маҳсулоти кишоварзӣ аст, чун вақте маҳсулот дар як ҷойи муайян нигаҳ дошта мешавад, харидор чӣ хориҷӣ бошад ва чӣ дохилӣ, хоҷагӣ ба хоҷагӣ ё дар ба дари деҳқон намегардад.
"Дар ин марокиз, ки Марокизи пахши умдафурӯшӣ номида хоҳанд шуд, хеле софу сода молро пайдо мекунад. Гузашта аз ин, расмиёти гумрукиву сиҳӣ низ дар ҳамин марокиз анҷом мешаванд, то аз саргардонии харидор ва ҳам коҳиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ҷилавгирӣ шавад”, - гуфт раиси Агентӣ.
Тибқи иттилои ӯ, марокизи логистикӣ ду адад дар вилояти Хатлон, якададӣ дар шаҳри Душанбеву навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд аз сӯи худи Тоҷикистон сохта хоҳанд шуд.
Раиси Агентии содироти Тоҷикистон афзуд, ба ҷуз ин панҷ кишвари хориҷӣ Арабистони Саудӣ, Покистон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ дар шаҳру вилоёти Тоҷикистон ҳамчунин марокизро эҷод хоҳанд кард.
“Аз Русия се минтақа – Маскав, Санкт-Петербург ва Алтай – тасмим гирифтаанд, ки дар Суғду Хатлон ва Душанбе марказҳои логистикиро бунёд намоянд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, миёни Агентии содироти Тоҷикистон ва вазорати савдои Қазоқистон ҷиҳати афзойиши содироти маводи кишоварзӣ, ташкили корхонаи муштараки истеҳсоли сабзавоту меваи барвақтӣ, бунёди инфрасохтори нигаҳдории маҳсулот ва бандубасти он ба манзури содироти он ба Қазоқистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
“Ҳамзамон миёни Агентии содироти Тоҷикистон ва “Казтрейд”-и Қазоқистон ҷиҳати таъсиси як ширкати муштарак ба номи “Тоҷказтрейд” барои харид, захира, бандубаст ва содироти минбаъдаи маводи кишоварзӣ ба Қазоқистон ба имзо расидааст”, - гуфт раиси Агентии содироти Тоҷикистон.
Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфт, кишварҳо барои содироти маводи кишоварзӣ афзалиятҳои худро доранд, масалан, Покистон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бештар ба маҳсулоти ниёзи аввал, назири пиёзу сабзӣ ва навъҳои мухталифи мева, назири гелосу ангур, таваҷҷӯҳ доранд.
“Арабистони Саудӣ ба асалу ангур ва дигар меваҷоти баландсифат таваҷҷуҳ дорад ва мехоҳад дар Турсунзодаву Хатлон ва Ашт марокизи логистикӣ дошта бошад”, - илова намуд раис.
Вай афзуд, раисони вилоёти Суғду Хатлон барои ин кишварҳо замин ҷудо кардаанд ва Агентӣ бо кишварҳое, ки ин марокизро хоҳанд сохт ва як бор омада, дида рафтанд, бояд бори дигар мулоқот ва мувофиқа кунад.
“Агентӣ дар ҳамдастӣ бо мақомоти дигар бо ин кор машғуланд ва марокиз бояд то шашмоҳаи аввали соли 2024 бояд сохта ва ба истифода дода шаванд”, - гуфт Сироҷиддинзода.
Раиси Агентии содироти Тоҷикистон аз эҷоди як қатор марокизи омӯзишӣ ба номи “Мактаби содирот” дар саросари кишвар суҳбат кард, ки ба гуфтаи ӯ, бояд ба беҳтар шудани иқтидори содиротии кишвар мусоидат кунанд.
Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз содироткунандагон ва ҳам онҳое, ки мехоҳанд содирот кунанд, таҷриба надоранд ва ин омил барои афзудани иқтидори содиротии кишвар таъсири манфӣ дорад.
"Онҳо намефаҳманд, ки барои содирот кардан чӣ ҳуҷҷатҳо зарур аст, чигуна бандубаст бояд кард, кадом давлат чӣ талабот дорад. Ҳар кас, ки хоҳиш дорад, метавонад ба ин макотиб ояд ва як курси муайянеро бигузарад", - гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Вай афзуд, нахустин “Мактаби содирот” дар манзили аввали Агентӣ ташкил шуда, сипас, дар Бадахшон, Навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, Хатлон ва Суғд низ фаъол хоҳад шуд.
“Дар макотиби содирот ба истиснои мутахассисони дохилӣ, устодон аз кишварҳое, ки таҷрибаи ғанӣ дар содирот доранд, низ ҷалб мешаванд”, - гуфт Сироҷиддинзода.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, тайи нимсолаи аввали соли равон дар ҳаҷми 103 ҳазор тон ва ба маблағи беш аз 24 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 12% коҳиш ёфтааст.
Соли гузашта Тоҷикистон дар ин давра 115 ҳазор тон маҳсулоти кишоварзиро ба маблағи 27,4 млн доллар содир карда буд. Як иллати чунин коҳишро мақомот дар набудани марокизи логистикӣ, бахусус сардхонаву анборҳо арзёбӣ мекунанд, ки мӯҷиби талаф ёфтани ҳосили кишоварзони кишвар шудааст.
Тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, содироти маҳсулоти кишоварзӣ 3,7 дарсад аз ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил мекунад ва маҳсулоти асосии содиротӣ хушкмева, меваҷот ва сабзавот ба шумор меравад.