Суғд чанд духону чанд панҷхон дорад?

Дар Идораи маорифи Суғд гуфтанд, ки чанд хонандаи макотиб чоряки чорумро дар соли хониши гузашта бо баҳои 2 ва чанд нафар бо 5 хатм кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳар талабаи ҳафтум дар вилояти Суғд панҷхон буда, теъдоди духонҳо ҳудуди 0,02% аз шумораи умумии хонандаҳоро ташкил медиҳад.
Дар ин бора масъулини Раёсати маорифи Суғд дар нишасти матбуотӣ зимни шарҳи сифати таълим дар соли хониши 2022 -2023 иттилоъ доданд.
Сардори Раёсати маорифи Суғд, Мадина Набизода, изҳор дошт, ки дар соли хониши гузашта, ҳамагӣ 498,4 ҳазор талаба таҳсил карданд.
Ба иттилои Набизода соли хониши гузаштаро наздики 75,2 ҳазор нафар бо баҳои 5 ҷамъбаст намуданд.
"Бо баҳои 4 – беш аз 175,8 ҳазор нафар ва бо баҳои 3 – зиёда аз 247 ҳазор нафар чоряки чорумро ҷамъбаст намуданд", - афзуд сардори раёсати маорифи Суғд.
Мақомоти Хатлон: 119 мактаб дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд
Дар баробари Набизода теъдоди духонҳоро низ баён дошта, афзуд, ки бо баҳои 2 – 124 нафар чоряки чорумро ҷамъбаст намудаанд.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳудуди 330 хонандае, ки бо сабаб ба имтиҳонсупорӣ ҳозир нашуданд ва ё аз имтиҳон баҳои "2" гирифтаанд, қабл аз шурӯъи дарсҳои соли нави хониш дубора имтиҳони гузариш месупоранд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли таҳсили 2022 – 2023 дар вилоят 946 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо наздики 572 ҳазор нафар, аз ҷумла, қариб 281 ҳазор духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бино ба арзёбии масъулин, соли хониши сипаришуда азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99, 97% ва сифати таҳсилот 50,4% ро ташкил намудааст.