"Майдон аз ҳама аст": Икромӣ яккатозии "Амонатбонк"-у инҳисори даромадро бепоя хонд

Раиси "Амонатбонк" бархе иддао дар бораи яккатозии бонкаш дар бозори ғайринақдиро ҳайратовар хонда, афзуд, ки майдон барои ҳама мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Иддао дар бораи яккатозии "Амонатбонк" дар низоми ғайринақдӣ беасос буда, дигар бонкҳо имконияти фаровони ҳузур дар ин бозорро доранд.
Ин нуктаро раиси калонтарин бонки низомсоз - "Амонатбонк", Сироҷиддин Икромӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дошта, афзуд, аз ин ки иддае ва ҳатто бархе аз афроди соҳибмаърифат аз яккатозии “Амонатбонк” мегӯянд ва ҳатто даъво доранд, ки “Амонатбонк” тамоми даромадҳоро аз худ мекунад, дар ҳайрат афтодааст.
"Пардохтҳои давлатӣ бемузд аст. Аз ҷониби "Амонатбонк" ба сифр баробар аст. Бидуни комиссия ва бидуни даромад аст", - гуфт Икромӣ.
Вай афзуд, ин низом баръакс хароҷоти "Амонатбонк"-ро зиёд кардааст, ба гунаи мисол, корти чипдоре, ки бо номи “Фарогир” мо тавзеъ мекунем ва тамоми хизматрасониҳоро дарбар мегирад, дар бозор аз 3 то 5 доллар арзиш дорад, аммо бонк онро ройгон ба муштариён таслим мекунад.
“Ҳоло агар мо 500 ҳазор корти “Фарогир” – ро чоп карда бошем, харҷи он 25 млн сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло барномаи мо ин аст, ки то 1 млн адад кортро маҷҷонӣ дар ихтиёри муштариён бигзорем", - гуфт ӯ.
Икромӣ афзуд, дар Тоҷикистон 1,7 млн хонавода вуҷуд дорад ва талоши “Амонатбонк” бар ин аст, ки дасти кам дар ҳар хонаводаи тоҷик як “Корти миллӣ” вуҷуд дошта бошад, то ниёзҳои онро бароварда кунад.
“Ба ҷуз ин, мо 800 ҳазор бознишаста дорем ва миёни 500 то 600 ҳазор корманде, ки аз буҷет маош мегиранд. Дар умум мо беш аз 2 миллион корт дар ихтиёри мизоҷони худ қарор додаем ва хоҳем дод”, - гуфт раиси “Амонатбонк”.
Афзоиши дороӣ ва фоидаи софи "Амонатбонк"
Вай ба мавзуъи “яккатозӣ”-и “Амонатбонк” баргашта гуфт, ба ҷуз ин бонкҳои дигар 4 млн корт дар ихтиёри мизоҷони худ қарор додаанд, ки ин теъдоди соҳибони кортҳои бонкӣ дар кишварро боло мебарад ва тақрибан ҳар хонавода се – чаҳор корт доранд.
“Аммо дойираи амалиётҳои бонкӣ зиёд аст ва “Амонатбонк” наметавонад ҳамаи хизматрасониҳоро фаро гирад. Аз ин хотир, ҳеҷ монеае барои бонкҳои дигар, ки бо “Корти миллӣ” пайваст ҳастанд, вуҷуд надорад. Майдон аз ҳама аст”, - гуфт раис.
Тибқи иттилои ӯ, 24 бонки дигар, ки дар маркази протсессингӣ бо “Амонатбонк” ҳамгиро шудаанд, бо “Корти миллӣ” – корти ягонаи бонкҳои Тоҷикистон – таъмин шудаанд.
“Аммо инфрасохтори “Амонатбонк” барои гузаштан ба низоми ғайринақдӣ аз қабл омада буд, он ҳам дар саросари кишвар тариқи филиалу марокизи худ ҳузури муассир дорад ва ин воқеият сабаб шудааст, ки мардум бештар ба ин бонк муроҷиат кунанд”, - гуфт Икромӣ.
Миллионҳо суд аз нигоҳдории миллиардҳо дар "Амонатбонк": пасандози аҳолӣ зиёд шудаст
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷорӣ шудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ интиқод карда, гуфтанд, ки ин низом бештар ба нафъи “Амонатбонк” – бонки давлатии Тоҷикистон – тамом мешавад ва бонкҳои дигарро дар ҳошия қарор медиҳад.
Тибқи фармони президенти Тоҷикистон аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатии иҷозату иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмии буҷавӣ, ҷаримаҳо, суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббиву коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ бояд тариқи ғақринақдӣ амалӣ карда шавад.
Ҳамзамон, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз ҷумлаи хизматрасониҳои музднок низ аз ин роҳ анҷом мешаванд.