Дар наздикии бандари бузурги тиҷоратии Туркия Деринсе (воқеъ дар баҳри Мармарӣ) таркиши шадид рух дод.
Ба иттилои расонаҳои Туркия, дар натиҷаи ин ҳодиса ҷароҳатбардоштагон ҳастанд.
Ба ҷои ҳодиса оҷилан теъдоди зиёди пулис, хадамоти оташнишонӣ ва пизишкӣ фиристода шуданд.
Мақомоти вилояти Коҷаелии Туркия мегӯянд, тибқи маълумоти пешакӣ, пас аз таркиш дар минтақаи бандари Деринҷ, дар зери харобаҳо осебдидагон нестанд.
Тибқи иттилои ахир, дар ин таркиш даҳ нафар маҷрӯҳ шудаанд.