Садама дар Кӯлоб 23 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт: Тафсилоти фоҷиа

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бархе тафсилоти садамаи пурқурбониро, ки ахиран дар шаҳри Кӯлоб рух дод, баён доштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Садамаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб 23 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бар асари садама дар Кӯлоб 10 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар маҷруҳ шудаанд. Худи ронанда, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ дар ҷои ҳодиса ҷон додаст.
Таъкид шудааст, ки ҳамчунин 7 мошину 3 хонаи истиқоматӣ осеб дидаанд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон сабаби садамаро аз кор мондани маҷмааи боздории мошини боркаш медонанд, ки дар натиҷа мошину манзилҳоро зер кардаст.
ВУД мегӯяд, мошини боркаши "Дулан" бо ядак, ки мутааллиқ ба ширкати "Кафолат Воридоту Содирот" будаст, дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ" дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб чандин воситаи нақлиёту хонаҳоро зер кардаст.
Эълони сабаби фоҷиаи пурқурбонӣ дар Кӯлоб ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат
​Аз рӯи ин ҳодиса мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ба иттилои ВУД, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомдорони баландпояи ҳукумат, аз ҷумла вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси КҲФ, роҳбари Хатлон ва дигар масъулинро ба ҷои ҳодиса сафарбар намудаст.
Садамаҳои пурқурбонӣ дар Тоҷикистон, ки ахиран зиёд расонаӣ мешаванд, боиси нигарониҳо гардида, ба гуфтаи масъулин бисёри вақтҳо фоҷиаҳо дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рух медиҳанд.