Наздики 25%-и доруворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад

Дар давоми моҳҳои январ - июни соли равон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ аз зиёда аз 50 кишвари хориҷи дуру наздик ворид карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Мақомоти гумруки Тоҷикистон тайи моҳҳои январ – июни соли 2023 вуруди беш аз 7,7 ҳазор тонна ба маблағи 30 млн долларро сабт кардааст.
Ба иттилои мақомоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, воридоти доруворӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор тонна ва ё 35% зиёд мебошад.
"Аз ҳаҷми умумии маводи дорувории дар моҳҳои январ – июни соли 2023 воридкардашуда беш аз 5,5 ҳазор тон ба маблағи 20,5 млн доллар аз давлатҳои хориҷи дур ва боқимонда аз кишварҳои хориҷи наздик ворид гардидааст", - омадааст дар иттилоия.
Тавлиди равған дар Тоҷикистон 5% зиёд шудаст
Таҳлили маълумоти гумрукӣ нишон медиҳад, ки аз маҷмӯи маводи доруворӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2023 ба Тоҷикистон аз 51 давлатҳои хориҷи дуру наздик воридгардидаанд.
Аз ҳама зиёд ҳудуди 38% доруворӣ ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон ворид гардида, ҳиссаи Русия дар ин бахш ба 25% баробар шудааст.
Ҳамчунин ҳудуди 7% ба Литва, ҳудуди 5,5% ба ҷумҳурии мардумии Чин, наздики 4% ба Украина, наздики 3% ба ҷумҳурии Олмон, ҳудуди 2,5% ба Ҷумҳурии Туркия, ҳудуди 2%-ӣ ба Покистону Гурҷистон ва наздики 11%-и боқимонда ба 42 давлати дигар рост меояд.