ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар вилояти Хатлон 119 муассисаи таълимӣ дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадзода Ҷамшед.
Ба гуфтаи вай, дар ин мактабҳо 56 ҳазору 326 хонанда таҳсил мекунад.
“Аз 119 мактабе, ки дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд, 49 ададашон дар минтақаи Бохтар ва 70 адади дигараш дар минтақаи Кӯлоб мебошанд, ки ба онҳо офатҳои табиӣ, аз қабили ярч, сел ва дигар офатҳо таҳдид мекунанд”, - қайд кард оқои Маҳмадзода.
Ҳамзамон, дар ин нишасти матбуотӣ сардори раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, афзуд, ки бештари муассисаҳои таълимие, ки зери хавф қарор доранд, дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод 31 адад, Кӯлоб 20 адад, Панҷ 12 адад, Шамсиддин Шоҳин 7 адад, Қӯшониён 6 адад, Норак, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ ва Балҷувон 5 ададианд.
Зикр гардидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зери хавф қарордоштаи вилояти Хатлон 56 ҳазору 326 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.