Теъдоди қурбониёни ярч дар осоишгоҳи Шовии вилояти Рачаи Гурҷистон ба 18 нафар расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҷасади 18-умин фавтида субҳи 6-уми август дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот пайдо шудааст.
Манбаъ афзуд, дар маҷмӯъ ҷасади 12 шаҳрванд шиносоӣ карда шуд. Дар ҳоли ҳозир 17 нафар бедаракшуда ба шумор мераванд.
Дар амалиёти наҷот дар Шовӣ 400 наҷотбахш ва 200 сарбоз ширкат доранд. Чархболҳои пулиси сарҳадӣ ва техникаи вижа ҷалб шудаанд.
Дар осоишгоҳи Шовӣ, ки дар баландии 1,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, рӯзи 3 август лағжиши ярч ба андозоаи 5 млн метри мукааб фаромад.
Дар натиҷа пулҳо роҳи даромадгоҳи Шовӣ хароб шудааст. Наҷотдиҳандагон беш аз 210 нафарро аз минтақаи хавфнок берун карданд. Рӯзи 7 август дар Гурҷистон рӯзи мотам эълон шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон паёми ҳамдардӣ ирсол карда, ба наздикони фавтидагон ҳамдардӣ баён карда, ба маҷруҳон шифои комил хостааст.