ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соати 05:32-и субҳи 6 август заминларза ба қайд гирифтааст, ки манотиқи ҷумҳуриро такон дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо такя ба иттилои зилзилашиносон иттилоъ дод, ки маркази заминларза дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар қаламрави Афғонистон қарор дошт.
Фосила аз шаҳри Душанбе то маркази заминҷунбӣ 290 километрро ташкил додаст, аммо бо вуҷуди чунин дурӣ сокинони пойтахт мегӯянд, ларзиши заминро эҳсос намуданд.
Ба иттилои КҲФ, маркази заминҷунбӣ аз шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 километр дар тарафи ҷанубу ғарбӣ ва аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар масофаи 80 километр буд.
Зилзилашиносони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иқтидори заминларзаро дар маркази он 5 бал, дар Хоруғ 4 бал ва дар шаҳри Душанбе 3 бал ба қайд гирифтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи омӯзиши паёмадҳои заминларза изҳор доштаст, ки он дар қаламрави ҷумҳурӣ талафоти ҷонию молӣ нагузоштаст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон тобоварии биноҳои ҷумҳуриро ба заминларза дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, онро қаноатбахш арзёбӣ карда буданд.