Дар Конибодом корхонаҳои нави саноатӣ сохта мешавад

Давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бунёди 12 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. То кунун 6 - тоаш ба баҳрабардорӣ расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Шаҳри Конибодом соҳиби корхонаҳои ҷадиди саноатӣ мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Ин масъала зимни машварати кории раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шарҳ матраҳ шудааст.
Ба гуфти раиси шаҳри Конибодом​ Абдусалом Тӯхтасунзода ин тадобир баҳри татбиқи ҳадафи чоруми саноатикунони босуръати кишвар андешида шудааст.
Ҳамин тавр, давоми соли 2023 таъсиси 12 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, давоми нимсолаи якум аллакай 6 адад ба баҳрабардорӣ расидааст.
Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бошад, бо нархҳои муқоисавӣ беш аз 126 млн сомониро ташкил додааст.​
Содироти 500 тонна зардолу аз Конибодом ба хориҷ
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ин давра ба беш аз 506 млн сомонӣ расидааст.
Афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 111,5% аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 115,7% ва чорводорӣ 99,3%-ро дарбар мегирад.
Аҳмадзода барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ бо ангишт, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ба масъулин супоришҳои додааст.
Суғд нақшаи сохтмони корхонаҳои саноатиро барзиёд иҷро кард
Ӯ ҳамчунин дастур додааст, ки дар заминҳо кишти такрорӣ гузаронида шавад ва хонандагон бо либоси зарурии мактабӣ таъмин гарданд.
Ин дар ҳолест, ки вилояти Суғди нақшаи солонаи худ вобаста ба сохтмони корхонаҳои нави саноатиро барзиёд иҷро кард.
Интизор мерафт, ки то таҷлили 35-умин солгарди истиқлол 150 корхона ва коргоҳи нав сохта шавад, аммо дар шаш моҳ аллакай 162 корхона ба кор шурӯъ кардааст.