ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Вазъ дар кӯли Сарез, ки дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъоли Помир воқеъ аст, бо вуҷуди зиёд шудани зилзила дар ин минтақа, мӯътадил боқӣ мемонад.
Дар ин бора, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
"Барои Сарез системаи огоҳкунии бармаҳал вуҷуд дорад, наваш насб шудааст, кӯҳнааш низ таъмир шудааст ва кор мекунад. Дар ҳоли ҳозир дар назди кӯли Сарез ду система мавҷуд аст <...> ва як шӯъбаи назорати объектҳои об дар Душанбе сохта шудааст ва мо аз он ҷо маълумотро онлайн мегирем", - шарҳ дод Назарзода.
Ба гуфтаи раиси КҲФ, заминларзаҳое, ки дар моҳҳои ахир бештар ба мушоҳида мерасад, ба кӯл ягон осеб нарасонидаанд ва ҷараёни хуруҷи об аз кӯл ба вуҷуд наомадааст.
Қобили зикр аст, ки ба гуфтаи иддае аз коршиносон, дар сурати заминларза хатари рахна шудани кӯл вуҷуд дорад ва ин ба қаламравҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳдид мекунад.
Пас аз заминларзаи моҳи феврали соли 2023 дар ҷанубу шарқи Туркия зилзила дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар шудааст.
Тибқи иттилои КҲФ, дар ин минтақа ҳар моҳ фаъолияти сейсмикӣ сабт мешавад. Кӯли Сарез дар ВМКБ дар баландии беш аз 3,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, воқеъ шудааст.
Ин кӯл дар натиҷаи заминларзаи харобиовари соли 1911, ки пеши рӯдхонаи Бартангро баста буд, ба вуҷуд омадааст. Минтақаи кӯл таҳти таъсири назарраси сейсмикӣ қарор дорад ва аз ин рӯ мониторинги наздикро талаб мекунад.