Раҳмон Раисиро ба Душанбе даъват кард

Раисҷумҳури кишвар ҳамтои эронӣ Саидиброҳим Раисиро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон барои сафар ба Тоҷикистон даъват шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Мавҷ”.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин дар гуфтугӯи телефонӣ ба ҳамтои эрониаш Ҳусайн Амирабдуллоҳиён даъвати Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафари расмии кишвардори Эрон ба Душанбе расонид.
“Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо расонидани саломҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба раисҷумҳури Эрон бар даъвати расмии Иброҳим Раисӣ барои сафари дуҷониба ба Душанбе таъкид кардаст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамчунин қайд шудааст, ки дар гуфтугӯи телефонии вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки ахиран сурат гирифт, тарафайн дар хусӯси муносиботи мавриди алоқа ба баҳсу табодули назар пардохтанд.
Эрон: Ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт
Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин тамос зимни иблоғи саломи раисҷумҳур Раисӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон ба равобити дӯстонаву наздики Душанбеву Теҳрон ишора кард.
“Акнун фасли ҷадиде аз ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар муносиботи Эрону Тоҷикистон шакл гирифтааст, ки ин раванди рӯ ба рушд дар равобит бояд идома ёбад”, - таъкид кардааст Абдуллоҳиён.