ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар рӯзи аввали мусобиқаи "Hungry Masters -2023" ду ҷудокори тоҷик дар вазни 66 кило зӯр озмуданд, аммо ба гирифтани нишонаҳо ноил нагардиданд.
Ҷудокори тоҷик, Эмомалӣ Нуралӣ дар даври аввали зӯрозмоиҳо дар вазни то 66 кило бар паҳлавони гурҷӣ, Важа Маргвелашвили, ки пешсафони радабандии ҷаҳонӣ шомил мебошад, пирӯз шуд
Аммо дар даври дуюм аз Нармандах Баянмунхи муғулистонӣ шикаст хӯрд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон, Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило аз Буба Дайкии фаронсавӣ мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Намояндагони дигари Тоҷикистон дар рӯзҳои баъдӣ вориди рақобат хоҳанд шуд. Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг бо варзишкори итолиёӣ Мануэлем Ломбардо, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг бо паҳлавони нидерландӣ Ноэла Ван Т'Энда рақобат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Темур Раҳимов (+100 кг) аз даври аввал озод ва дар даври дуюм бо ғолиби рақобати ҷудоркори озарӣ Ҷамол Гамзатханов ва паҳлавони нидерландӣ Йелле Снипп зӯр меозмояд.
Мусобиқаи Hungary Masters - 2023 рӯзҳои 6 - 8 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон давом хоҳад кард. Бунёди ҷоизаи мусобиқаи байналмилалии мазкур наздики 200 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.