ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сармуҳаррири бахши миллии телевизиони “Мир” дар Тоҷикистон Илҳом Маҳкамов даргузашт, иттилоъ додааст ин шабакаи телевихзионӣ.
Оқои Маҳкамов, 10 сол пеш дар ин телевизион ба ҳайси продюсери телевизион ва радио ба кор шурӯъ кардааст. Чаҳор соли охир сармуҳаррир буд.
Рӯзноманигор фаъолияти худро дар шабакаи давлатии "Телевизиони Тоҷикистон" оғоз кардааст.
Ба забони русӣ ӯ таҳияи барномҳои мусиқӣ ва хабариро бар ӯҳда дошт.
Ба гуфтаи дӯстону ҳамкорон Илҳом Маҳкамов ӯ як шахси дилсӯз, хушодоб ва хушмуомила буд.
Вай дар филмбардорӣ ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар Русия ширкат кардааст. Камтар аз се ҳафта пеш, 16 июл Илҳом Маҳкамов 58-сола шуда буд.
Ҳамкасбону рӯзноманигорон ба хонавода ва наздикони Илҳом Маҳкамов ҳамдардӣ баён карданд.
"Мир" — ширкати телевизионии байнидавлатии Русия, пахшаш бо забони русӣ аст. Дар соли 1992 бо розигии ходимони давлатии ИДМ бо мақсади хабар додани мушкилоти сиёсатӣ, иқтисодӣ ва дӯстии башарӣ миёни кишварҳо таъсис ёфтааст.