ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тақрибан соати соати 11:21 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ боз заминларза такон дод.
Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки маркази заминҷунбӣ дар ноҳияи Шуғнон воқеъ будааст.
Тавоноии заминларза дар марказ то 4 дараҷа арзёбӣ гардида, он дар ҳудуди ноҳияи Рошқалъа сурат гирифт.
Сарчашмаи заминҷунбӣ дар умқи 188 километр ҷойгир будааст, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Ӯзбекистон.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ то ҳол дар бораи оқибатҳои ин ҳодиса хабар надодааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин минтақа як минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар онҷо ҳамвора зилзилаҳои қувваҳои гуногун ба амал меоянд - ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар марзи Афғонистон, дар он тарафи рӯдхонаи Панҷ.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар ҷумҳурӣ барои арзёбии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникӣ, сифати технологии корҳои сохтмонӣ, маводу маснуот озмоишгоҳи махсус таъсис дода шуд.
Дар баробари ин комиссия ба сифати иншоот аз руи ба зилзила тобоварӣ назорат мекунад.
Дар ҷумҳурӣ ба ин ҷихат баъд аз заминларзаи харобиовар дар Туркия диккати махсус дода шуд.