ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар ҷамъбасти форуми тиҷории Қазоқистону Афғонистон қарор аст, соҳибкорони ду кишвар ба 105,8 млн доллар шартнома ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Дар ин бора муовини вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Қайрат Торебаев хабар додааст.
"Мо пешакӣ дар бораи қарордодҳо ба маблағи 105,8 млн доллар ба тавофуқ расидем. Ин дар чаҳорчӯби форум, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ", - гуфт Торебаев дар Остона дар ҳошияи форуми тиҷоратии Қазоқистону Афғонистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон.
Вай ёдовар шуд, ки беш аз 200 вакил аз Афғонистон ба форуми соҳибкорон вориди пойтахти Қазоқистон шуданд.
"Дирӯз мо ба мувофиқа расидем, ки байни ниҳодҳои ду кишвар: Вазорати тиҷорат ва Вазорати савдо дар бораи пешбурди тиҷорат, нақлиёт, транзит ёддошти тафоҳум ба имзо расонем. Дар бораи ширкати минбаъдаи Қазоқистон дар лоиҳаҳо дар Афғонистон созишномаҳои хеле хуб мавҷуданд", - афзуд муовини вазир.
Ёдовар мешавем, ахиран 200 соҳибкору мансабдорони ҳукумати феълии афғонистон вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Мақсад аз боздид, иштирок дар форуми тиҷоратии Афғонистону Қазоқистон ва дидору мулоқотҳои дуҷониӣба будааст.
Табодули коло миёни Қазоқистон ва Афғонистон дар соли гузашта 987,9 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ (474,3 миллион доллар) 2,1 маротиба бештар аст.
Мубодилаи мол миёни кишварҳо дар 5 моҳи соли равон 316,6 миллион долларро ташкил дод, ки 310 млн доллар содироти Қазоқистон аст.
Қазоқистон дорои иқтидори содиротии маҳсулот ба Афғонистон ба маблағи беш аз 500 миллион доллар дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, нафту кимиё, кимиё, металлургӣ, мошинсозӣ ва сабук мебошад.