Аз обхезӣ то афзоиши нурҳои ултрабунафш: пешгӯии ҳавои ноустувор дар Тоҷикистон

КҲФ ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои наздик дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон эҳтимоли омадани сели маҳаллӣ ва пиряхӣ ҷой дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар қаламрави бархе аз манотиқи Тоҷикистон вазъи ноустувори обу ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.
Сухан дар бора навоҳии Кӯҳистони Бадахшон, инчунин - вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ меравад.
Дар ин манотиқ , ба гузориши КҲФ, 4 август обуҳавошиносон бинобар гармои зиёд обхезиро пешгуӣ мекунанд.
Ҳамчунин, то 6 август, аз ҷумла, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин - дар шаҳри Душанбе ҳавои ноустувор хоҳад шуд.
КҲФ дар бораи селҳои харобиовар дар минтақаи Тоҷикистон гузориш дод
Ба назхар чунин мерасад, ки ин минтақаҳоро чангу ғубор аз бандаш раҳо карданӣ нест.
Ҳамин тариқ, дар ин ҷо боз тӯфони чангу ғубор ба амал омада, он аз ҷанубу ғарб ба мамлакат даромада, дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера бо моддаҳои муаллақ зиёд мешавад.
Зарраҳои чанг ба андозаи аз 10 мкм (Rm-10) то 2,5 мкм (Rm-2,5) мерасад.
Обуҳавошиносон, ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки рӯзи 4 август шароити обу ҳаво дар ҷумҳурӣ метавонад боиси афзоиши мизони нурҳои ултрабунафш (радиатсияи офтоб) дар қабатҳои болоии атмосфера шавад.
Гуфта мешавад, аз соати 12-00 то 15-00 нурҳои ултрабунафш ба нишондиҳандаҳои баланд хоҳанд расид, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ дорад.
Ба сокинони шаҳрҳои Душанбе, ВМКБ ва Хатлон тавсия дода мешавад, ки дар ин соатҳо бояд эҳтиёткор бошанд.