ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Раиси вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон баъзе ҷузъиёти мулоқотҳояш бо Абдикарим Алимбаев, ҳокими вилояти Ботканди Қирғизистонро ошкор сохт.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, дар ҳар як мулоқот онҳо перомуни боз шудани сарҳадҳои давлатӣ ва дубора барқарор шудани гардиши мол миёни кишварҳо таъкид мекунанд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар мулоқот бо иштироки ҳокимони Суғду Ботканд ва Фарғона, ки ахиран дар шаҳри Иссиқкӯл баргузор гардид онҳо чиро баррасӣ карданд.
“Дар мулоқот мо дар бораи барқарор намудани муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Қирғизистон иброз намудем. Ҷониби Қирғизистон ҳам айни ин мақсади худро иброз намуда, гуфтанд, ки корро аз қоғази сафед сар мекунем ва ҳама ноҷуриҳое, ки то ин вақт рух дод паси сар шуданд” - гуфт раиси Суғд.
Дар умум ҷонибҳо дар бораи боз шудани марзҳо ва барқарор гардидани муносиботи неки ҳамсоядорӣ таъкид варзидаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, аъзои Комиссияи ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории марз мебошад.
Бино ба гуфти ӯ, то ин замон беш аз 70 дарсади корҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории марз бо Ҷумҳурии Қирғизистон омода шудаанд.
Бар пояи иттилоъи манбаъ, қарор аст, шурӯъ аз санаи 4 август Комиссияи топографии байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон давоми 6 рӯз дар шаҳри Душанбе сари масъалаи таъйин ва аломатгузории марз кори худро идома диҳад.