ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Муовини аввали раёсатҷумҳури пешини Афғонистон Абдурашиди Дустам дар саҳифаи твиттерии худ бо нашри эъломияи шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷот Афғонистон гуфтааст, ки Амрико бояд тавзеҳ бидиҳад ки натиҷаи ду соли ҳимояти молӣ ва таъомул бо тероризми толибон дақиқан чаҳ бӯдааст.
Тавре хабаргузории Sputnik Афғонистон хабар додааст маршали Афғонистон дар ин баёнияаш, аҳдофи дидору гуфтугӯҳои намояндаи Амрико ва толибҳоро ба маънои ба расмият шинохтан онҳо донистааст.
Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ҳаргуна нишастиро барои Афғонистон дар суратии муфид донистааст, ки ҳамаи ҷанибҳо ва ҷараёнҳои дохил дар Афғонистон дар гуфтугӯҳо дар назар гирифта шаванд ва шарик бошанд.
Дар поёни ин эъломия омадааст ки акнун Амрико ду гузӣна дорад: эҳтиром ба ҳуқуқи башару хостаҳои машрӯи мардуми Афғонистон ва ё таъомул бо тероризму паёмадҳои он.
Ёдовар мешавем, ки баъд ворид шудани гурӯҳи толибҳо* ба шаҳри Кобул дар авохири моҳи августи соли 2021 Маршал Абдурашид Дӯстум ва чандин чеҳраҳои дигари сиёсӣ Афғонистонро тарк карданд ва ҳоло дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд.
Толибон * - ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал қарор дорад