ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Сармураббии тими Персполиси Теҳрон Теҳрон таъкид карда, ки ба хотири камбуди мудофеъи канорӣ дар тимаш наметавонад муҷаввизи футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳаннонов содир кунад, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Ба иттилои манбаъ, сармураббӣ ин тасмимашро баъд аз он гирифтааст, ки се бошгоҳи эронӣ Сипоҳони Исфаҳон, Зуби оҳани Исфаҳон ва Гулгуҳари Сирҷон хоҳони ҷазби ин бозингари тоҷикистонӣ шуданд.
Ба иттилои расонаҳо, ҳатто яке аз ин бошгоҳҳо пешниҳоди пайвастани Ҳанонов ба даста кардааст, ки аз ҷониби Персполис мухолифат пайдо кард.
Сармураббии ин дастаи эронӣ дар гуфтугӯ бо расонаҳо таъкид кардааст, ки ба хотири камбуди мудофеъи канорӣ дар тимаш ( дар ҷиноҳи рост ) наметавонад муҷаввизи ҷудоии Ваҳдатро содир кунад.
Зимни инки ин бозикун қобилияти бозӣ дар ҳар ду самти канораҳо ва мудофеъи миёнӣ ва ҳатто ҳафбаки дифоиро дорад ва аз ин рӯ бозикуни ҳамакора барои Персполис ба ҳисоб меояд.
Бояд гуфт, ки қарордоди Ҳаннонов ба наздики ба итмом хоҳад расид, бошгоҳи Персполис дар назар дорад қарордоди ин бозикунро ба монанди чанд футболбози ин тим ба зудӣ тамдид кунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки имкон дорад футболбози тоҷикистонии дастаи футболи Персполиси Эрон Ваҳдат Ҳанноновро ба тими дигари эронӣ фурӯхта шавад.
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳаннонов дар ҳайати бошгоҳи футболи "Персеполис" қаҳрамони Эрон шуд.
Соли 2021 Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров футболбозони тоҷик бо қарордоди сесола ба тими футболи “Персеполис”- и Эрон пайвастанд.
Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ҳар ду вориди тими миллии футболи кишвар буда, қаблан дар бошгоҳи "Истиқлол" бозӣ мекарданд.
Ин ҷавонон аз аввалинҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Лигаи олии Эрон бозӣ мекунанд ва қаблан қарордоди умумии онҳоро камтар аз 200 ҳазор доллар арзёбӣ карда буданд.