Тавлиди моҳӣ дар Тоҷикистон аз талаботи физиологӣ даҳҳо баробар камтар аст

Меъёрҳои физиологии истеъмоли маҳсулоти озуқаворӣ, ки ҳукумат тасдиқ кардаст, талаботи солонаи як нафарро ба гӯшти моҳӣ 9 кило дар сол муқаррар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли равон 1640 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, иттилоъ дод Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми моҳии сайдшуда дар Тоҷикистон тайи 6 моҳ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495 тонна ё 43% фоиз зиёд мебошад.
Вазорат афзоиши тавлиди моҳиро натиҷаи амалишавии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ хондаст, ки барои афзоиши шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, миқдори моҳиҳои зотию такмилӣ мусоидат кардаст.
Манбаъ афзуд, ки феълан дар ҷумҳурӣ 381 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати беш аз 2,7 ҳазор гектар фаъолият доранд. Таъкид шуд, ки шумораи хоҷагиҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 га зиёд мебошад.
Дар Тоҷикистон паранда зиёду тухм кам шудаст
Қаблан хабар дода шуда буд, ки тибқи дурнамо соли равон хоҷагиҳои моҳипарварӣ бояд 5100 тонна моҳии молӣ истеҳсол намоянд.
Бо вуҷуд ин нишондод барои қонеъ кардани талаботи кишвар нокофӣ арзёбӣ мегардад.
Мувофиқи қарори ҳукумат дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ 9 кило дар як сол мебошад.
Таъкид гардидааст, ки барои таъмини беш аз 10 млн аҳолӣ ҳудуди 90 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол карда шавад.