КҲФ аз зарари сел ба сокинони ноҳияи Айнӣ гуфт

Кумитаи Ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айниро идома доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Комиссияи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бар асари офати табиӣ – сел, ки 28 июл сар зад, 161 хонавода осеб диданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин минтақа бар асари сел 16 бинои истиқоматӣ қисман зери об монда, ба 64 иншооти ёрирасон қисман осеб расонида, ҳамчунин 81 замини наздиҳавлигӣ зери об мондааст.
Тибқи иттилои КҲФ-и Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ноҳияи Айнӣ зиёда аз 200 нафар сокинони деҳа ва техника барои расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардида, инчунин тоза кардани қубурҳои обгузар, кӯчаву роҳҳои деҳаи Урметан аз гилу санг сафарбар карда шуданд.
“Аз 29 июли соли равон 3 нуқтаи таъмини оби нӯшокӣ барқарор карда шуда, аҳолӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Ба иттило КҲФ дар ҳудуди деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Урметан бо ҷалби 5 адад техника ва 270 нафар сокинони деҳот роҳҳои байнидеҳавӣ, селроҳа ва биноҳои истиқоматӣ аз гилу санг тоза карда шуданд.
Супориши раиси ВМКБ: Хонаҳои сокинони аз офати табиӣ зарардидаро босифат созед
Ҳамчун ёрии таъҷилӣ ба оилаҳои осебдидаи ҷамоати деҳоти Урметан аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон расонида шуд.
Мақомоти шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд барои аҳолии осебдида маводи ғизоӣ - орд, биринҷ, равғани растанӣ, макарон, гӯшти гов, тарбузу харбуза - ва дигар мавод, аз ҷумла як кампал ҷудо ва дастрас намуданд.
Дар ҳоли ҳозир корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти ноҳияи Айнӣ дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии КҲФ ва мақомоти вилояти Суғд барои ҳисоби маблағи зарар ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ Ситод ташкил кардаанд.