Гуфтугӯи шашрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди марз дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Аз 24 то 30 июли соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
Таъкид шудааст, ки аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки қарор аст вохӯрии навбатӣ дар Узбекистон баргузор гардад.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли равон Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дод, ки дар шаҳри Қаршӣ ҳафтаи мулоқоти гурӯҳҳои кории комиссияи марзии Ӯзбекистону Тоҷикистон анҷом ёфт.
Аз энегетика то тиҷорату нақлиёт: мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе
"Зимни мулоқот масъалаҳои убури хатти сарҳади давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Қаблан раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон, Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд.
Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.