Панҷ ширкати ҳавоии Русия ба Тоҷикистон мусофирбарӣ мекунанд

Самолет авиакомпании Utair
Мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон теъдоди ширкатҳои хориҷиеро, ки дар бозори мусофирбарии байналмилалии ҷумҳурӣ фаъолият доранд, 11 адад гуфтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Миёни ширкатҳои хориҷие, ки дар бозори мусофирбарии байналмилалии ҳавоии Тоҷикистон фаъолият доранд, 5 ададаш ширкатҳои русиягӣ мебошанд.
Дар ин бора Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 аз фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ хориҷи дуру наздик 1 ширкати ватанӣ ва 11 хориҷӣ мусофирбарӣ кардаанд.
Дар феҳрасти ширкатҳои русиягии фаъол дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Utair", "Уралские авиалинии", "Северний ветер", "Сибир-S7" ва "Ямал" номбар карда шудаанд.
Агентӣ таъкид кард, ки масирҳои Тоҷикистон - Русия аз ҷумлаи серталабтарин миёни мусофирон дар ҷумҳурӣ мебошанд.
Пассажирский поезд, который отправился с ж/д вокзала Душанбе в Ташкент
Нархи арзон: талоши "Роҳи оҳани Тоҷикистон" барои ҳузури бештар дар бозори мусофирбарӣ
Дар баробари ширкатҳои русӣ инчунин "Эйр Астана"-и Қазоқистон, “Ӯзбек Ҳаво Юллари”-и Ӯзбекистон, "Флай Дубай"-и Аморати Муттаҳидаи Араб, "Туркиш Айрлайнс"-и Туркия, "Вариш Айрлайнс"-и Эрон, "Ҷазира Эйрвейз"-и Кувайт ва “AZAL”-и Озарбойҷон парвозҳо анҷом медиҳанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ҳамагӣ ба қариб 1,7 млн мусофир хизмат расондаанд, ки аз ин қариб 1 млн нафараш ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.
Мусофирбарӣ аз тариқи фурудгоҳи байналмилалӣ дар шашмоҳаи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариби 400 ҳазор нафар ё 30% афзоиш ёфтаанд.