Шумори симкортҳои фаъол дар Тоҷикистон садҳо ҳазор кам шуд

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳааш аз коҳиши назарраси теъдоди симкортҳои мобилии фаъол дар ҷумҳурӣ гузориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои сабтшуда ба ҳолати аввали моҳи июл 8,3 млн ададро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 5,6 млн ададашон фаъол мебошанд.
Дар ин бора ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бар асоси омори ироакардаи Атоев, дар давоми нимсола шумораи симкортҳои фаъол дар ҷумҳурӣ ҳудуд 800 ҳазор адад коҳиш ёфтааст.
Дар аввали соли равон Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шумораи симкортҳои фаъол дар ҷумҳуриро 6,4 млн адад гуфта буд.
Амнияти пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон таъмин аст?
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон симкортҳо ба таври густурда масдуд шуда истодаанд.
Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфт, рақамҳое, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар фаъолият доштанд ва аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ хомуш карда шуданд.
Тибқи қарори ҳукумат, бақайдигирии симкортҳо бояд бо шиносномаи намунаи соли 2014 ё ID корт амалӣ карда шавад.
Дар ҳамин ҳол шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст. Теъдодашон бо назардошти интернети мобилӣ дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон 4,5 млн нафар ҳисоб карда шудааст.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар аввали соли равон низ шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷумҳуриро 4,5 млн нафар гуфта буд. Дар аввали соли 2022 ин нишондод ба 4,2 млн нафар баробар гардид.