Даромади бахши алоқа дар Тоҷикистон маълум шуд

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки барои фаъолият дар ин бахши хизматрасонӣ чанд корхона иҷозатнома доранду давоми нимсола чӣ қадар даромад доштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа, бо назардошти фароҳамкунандаҳои хусусӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 1,9 млрд сомонӣ баробар шудааст.
Дар ин бора ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ дар ин муддат наздик ба 1,6 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Шумораи корхонаҳое, ки дар бозори алоқаи Тоҷикистон барои фаъолият иҷозатнома доранд, 73 адад арзёбӣ гардид.
Чаро симкортҳо дар Тоҷикистон ба таври густурда масдуд шудаанд? - тафсилот
Ба ҳисоби Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, даромади иҷозатномадорон дар нимсолаи аввали соли равон ба наздики 1,2 млрд сомонӣ баробар шудааст. Таъкид шудаст, ки аз ин даромадашон иҷозатномадорон 29 млн сомонӣ хироҷ супоридаанд.
Ба иттилои Хадамоти алоқа аз ҳисоби рақамҳои алоқаи мобилӣ ба буҷаи давлат дар нимсола 10 млн сомонӣ ворид гардидаст.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки ширкати "Тоҷиктелеком", ки саҳмияҳояш дар дасти давлат мебошанд, дар 6 моҳи соли равон ба муштариён ба маблағи беш аз 77,5 млн сомонӣ хизмат расондаст, ки нисбат ба нақша қариб 2% зиёд мебошад.