ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳодиса бо кормандони корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил”, ки ахиран сурат гирифта буд, ки ягон мушкилии ҷиддӣ надошт.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъ 15 нафар ба беморхона муроҷиат карданд, ки 14 нафар пас аз як соати боздид ҷавоб шуданд.
“Танҳо як духтар, ки каме ҳолати дилбеҳузурӣ дошт, ӯ низ пас аз як шабонарӯз рухсат шуд. Муроҷиаткардагон ҳоло вазъашон хуб аст”, - афзуд манба.
Ҳарчанд дар расонаҳо хабарҳое нашр шуд, ки ин афрод шаҳрвандони Чин ҳастанд, аммо аз Раёсати тандурустии вилоят инро рад карданд.
Афроди муроҷиаткарда, ба гуфтаи ин ниҳод, ҳама сокинони маҳаллӣ буданд.
“Дар онҳо нишонаҳои заҳролудшавӣ пайдо нашуд ва тавре ҳама хуб медонем ҳаво ҳоло гарм аст ва шояд аз гармии баланди ҳаво, ки дар корхонаҳо бештар эҳсос мешавад, беҳол шудаанд”, - гуфт мавсуф.
Гуфта мешавад, барои баррасии вазъ ва ташхис мутахассисон ҳатто аз вилоят ва пойтахт низ омада буданд.
Корхонаи мазкур бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки марҳилаи аввали он бо иқтидори коркарди 50 ҳазор тонна пахта дар соли 2014 ба истифода дода шуд.
Марҳилаи дуввуми он соли 2016 ва сеюмаш соли 2022 ба истифода дода шуд, ки коркарди маҳсулоти пахтагиро то ҳадди ниҳоӣ ба роҳ мондааст.