ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳайати вакилони ИМА ба мамлакатҳои мусулмон сафар мекунад. Дар ин бора департаменти давлатии кишвар хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки аввалин давлате, ки боздид мекунад, Қатар хоҳад буд.
Намояндагони Америка ният доранд, ки дар Доҳа бо "Толибон* мулоқот карда, масъалаи кумаки башардӯстонаро баррасӣ кунанд.
Ҳамин тавр, музокиротро намояндаи вижа дар умури Афғонистон Томас Вест ва фиристодаи занон, духтарон ва ҳуқуқи башари Афғонистон Рино Амирӣ баргузор мекунанд.
Манбаъ таъкид мекунад, ки сафар ба Доҳа то 31 июл идома хоҳад кард.
"Дар Доҳа онҳо (ҳайати - ред.) инчунин бо мутахассисони технократии вазоратҳои калидии Афғонистон мулоқот карда, масъалаҳои муҳими кишварро баррасӣ хоҳанд кард", - изҳор дошт департаменти давлатии ИМА.
Илова бар ин, ба масъалаҳои муқовимат ба истеҳсоли маводи мухаддир дахл карда мешавад.
Сафари ҳайат ба Қатар барои музокирот бо ҳукумати феълии Афғонистон охирин нахоҳад буд.
Пас аз он намояндагони Иёлоти Муттаҳида низ ният доранд, ки аз Қазоқистон дидан кунанд. Дар Остона дипломатҳо на танҳо бо ҳамкасбони қазоқашон, балки аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ гуфтугӯ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки тамоми мулоқотҳо дар чаҳорчӯби иҷлосияи вижа оид ба Афғонистон баргузор мешаванд.
*- созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.