Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси Исфара: Вазъ дар марз бо Қирғизистон ором аст

Раиси шаҳри наздимарзии Тоҷикистон таъкид намуд, ки тамоми масоил бо Қирғизистон аз тариқи гуфтушунид ҳал мешаванд, чун ҳарду ҷониб ба ин ҳавасманданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Муноқишае, ки ахиран миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, пурра тариқи гуфтушунид ҳал шуда, вазъ дар марзи ду кишвар ором мебошад.
Ин нуктаро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзуда зимни нишасти хабарӣ баён дошта, афзуд ки муноқишаи охир баъди он рух додааст, ки мошин аз корвони тӯёна ва шаҳрванди Қирғизистон ба ҳамдигар каме халал расондаанд.
"Худи ҳамон рӯз мо бо роҳбари ноҳияи Бодканд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вохӯрдем, намояндагони вилостӣ низ ҳозир шуданд, ҳамаи масъалаҳо тариқи гуфтушунид ҳаллу фасл шуд", - гуфт шаҳрдор.
Вай таъкид намуд, ки ҳамаи масоиле, ки дар марз пайдо мегарданд, сирф бо роҳҳои гуфтушунид ҳал мегарданд.

"Ҳам мақсади Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон ҳалли ҳамаи масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид аст", - изҳор дошт Баҳодурзода.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ гоҳо боиси таниш миёни сокинони наздимарзӣ мегардад.
Муноқишаи охир 24 июл рух дод, ки ба иттилои мақомоти тоҷик як шаҳрванди масти Қирғизистон бо мошинаш роҳи қатори тӯёнаи сокинони Ворухро баста, бо даъвои он, ки барои ҳаракаташ халал расондаанд, сангандозӣ кардааст.
Имзои боз як санад: Идомаи музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд.
Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд.