ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон барои беҳтар гардидани пахши рақамии барномаҳо дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр насб хоҳад кард.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси ин Кумита Нуриддин Саид ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир барои омода намудани 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии истгоҳҳои радиотелевизионии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои васлу кафшергарӣ оғоз гардидааст.
Ҳамзамон, Нуриддин Саид зикр кард, ки бо мақсади беҳтар кардани фарогирӣ ва пахши барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмири бинои техникӣ ва хати барқ дар макони насби фиристандаҳои рақамӣ дар маҳалҳои Ҳоити ноҳияи Рашт, Чуҷалии шаҳри Ҳисор, Гулхаси шаҳри Турсунзода, Мотравни ноҳияи Ванҷ, Шитам ва Сохчарви ноҳияи Шуғнон, Шикуши ноҳияи Роштқалъа, Ганҷинаи ноҳияи Хуросон, Даштиҷум ва Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин анҷом дода шуданд.
“Дар баробари ин, корҳои омодагӣ дар деҳаҳои Ғеш ва Дашти Ар-ари ноҳияи Муъминобод, Миёнаду ва Чилдараи ноҳияи Сангвор, Лаккони шаҳри Исфара бо маром идома дорад”,-гуфт Раиси Кумита.
Бояд гуфт, ки иҷрои марҳилаи 4-уми "Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024", ки насби 30 фиристандаи рақамиро дар назар дорад, то охири соли 2023 ба анҷом расида, он имкон медиҳад, ки фарогирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 83% расонида шавад.