Натиҷаи имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон эълон шуд

Натиҷаҳои озмуни тақсимоти довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбии Тоҷикистон дар соли 2023 эълон гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Паёмак дар бораи муваффақ шудан ё нашудан ба рақамҳои мобилии довталабони дохилшавӣ ба донишгоҳу доникадаҳои Тоҷикистон аз соати 00:00-и 25 июл ирсол гардид.
Дар ин бора Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки довталабон аз тариқи паёмак дар бораи комёб гардидан ё нагардидан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон огоҳ шуданд.
"Инчунин довталабон метавонанд аз кабинети инфиродӣ ё бо муроҷиат ба Марказ ва бахшҳои минтақавии он аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ бори дигар огоҳ шаванд", - омадааст дар иттилоия.
Дар вилояти Хатлон якбора се мудири шуъбаи маорифи аз вазифа барканор шуданд
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар кабинети инфиродии ҳар довталаб агар дар бахши "Натиҷаи тақсимот" матни "Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед", зикр шуда бошад, имкони иштирок дар тақсимоти такрорӣ мавҷуд аст.
Ба иттилои Маркази миллии тестӣ барои иштирок дар даври такрорӣ, довталаб бояд аз 12 то 15 августи соли 2023 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ аз нав аз қайд гузарад.
Довталаби дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбшуда бояд дар мӯҳлати муқарраргардида- аз 25 июл то 6 август ба муассисаи таълимии дахлдор барои номнависӣ ва қабул ҳозир шавад, афзуд манбаъ.
Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир нашудан, довталаб вазифадор аст, ки то 6 август дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ин довталаб ҷойи худро дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад, таъкид намудаст Маркази миллии тестӣ.