Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Маст мошинҳои тӯёнаро сангсор кард: Тоҷикистон муноқиша дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, бар асари сангзанӣ аз ҷониби шаҳрванди Қирғизистон 4 шаҳрванди тоҷик осеби сабуки ҷисмонӣ бардоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон омилҳои муноқиша дар марз бо Қирғизистонро, ки шоми 24 июл рух дод, тавзеҳ дод.
Ба иттилои ин ниҳод, муноқиша соати 17:30 замоне рух дод, ки қатори мошинҳои сокинони ҷамоати деҳоти Ворух иборат аз 8 адад барои гузаронидани тӯйи арӯсӣ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат дошт.
Манбаъ омили сар задани муноқишаро як шаҳрванди Қирғизистон гуфтаст, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Таъкид шудааст, ки ин нафар, ки сокини ҷамоати деҳоти Оқсойи Қирғизистон мебошад, дар наздикии даромадгоҳи деҳаи "Оқсой" роҳи қатори мошинҳоро бастасту сангандозӣ кардаст.
Равобити Суғду Бодканд таҳким меёбад: Аҳмадзода боз бо Алимбоев сӯҳбат кард
"Ин шаҳрванд, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи "Мерседес Бенс", рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG-ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад", - омадааст дар иттилоия.
КДАМ Тоҷикистон афзуд, ки сипас аз мошин берун шуда, мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор додаст.
"Дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд", - афзуд манбаъ.
Таъкид гардид, ки баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доир гардид ва ба муноқиша хотима дода шуд.
Мақомоти марзбонӣ вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро муътадил арзёбӣ карда, афзудааст, ки комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд.
Қаблан мақомоти Қирғизистон бо нашри як иттилоия омили сар задани муноқишаро шаҳрвандони Тоҷикистон хонда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст.