ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазири дифои гурӯҳи толибҳо Муҳаммадёқуб Муҷоҳид фишорҳои Амрикоро муҳимтарин монеъ ба расмияти шинохта шудани ҳайати ҳокима Афғонистон хонд.
Вай гуфт, аз кишварҳои мустақил ки дар баробари фишори Амрикои сар хам намекунанд хост то давлати Кобулро ба расмият бишносанд.
Муҳаммадёқуб Муҷоҳид қайд кард, ки ҳукумати толибони тамоми шароит ба расмияти шинохта шуданро баровард кардааст, аммо бештари кишварҳо ба далели фишори Амрико аз ба расмият шинохтан он худдорӣ мекунанд.
Вазири дифои толибҳо тасреҳ кард, ки агар бархе кишварҳо нигарониҳое дар бораи Афғонистон доранд, Кобул омодаи гуфтугӯ барои ҳали ин нигарониҳост.
Пеш аз ин низ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи ҳукумати толибҳо Амрикоро бузургтарин монеъ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Афғонистони дониста ва гуфта буд, ки Амрико ба дигар кишварҳо иҷоза намедиҳад дар масир ба расмият шинохтан мо ҳаракат кунанд.
Ёдовар мешавем, толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон то ҳол амалӣ нашудааст.