ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ аз сар гирифта шуд, иттилоъ дод ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД".
Ба иттилои манбаъ, кӯҳпора, ки дар километри 121- уми роҳи Душанбе - Чаноқ афтида буд, бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.
Аз масдудияти роҳ дар пайи сангрезӣ ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" субҳи 24 июл хабар дода буд.
Ба минтақаи мазкур техникаҳои филиали Ширкат сафарбар шуда, монеаи зикршуда дар фурсати кӯтоҳ бартараф гардид.
Масири Душанбе - Чаноқ яке аз роҳҳои калидии Тоҷикистон мебошад, ки шимоли ҷумҳуриро бо марказу ҷануб мепайвандад. Ширкати IRS нигоҳдории қариб 348 километр роҳро ба уҳда дорад.
Қаблан хабар дода шуд, дар робита ба таъмир дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мошинҳои боркаш, маҳдудият ҷорӣ карда шуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки то дар давраи то 31 август ҷадвали махсус барои ҳаракати мошинҳо ҷорӣ гардидааст, аз ҷумла аз соати 10 рӯз то 7 - и бегоҳ маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёти автомобилӣ амал мекунад.
Гуфта мешавад, ки ин амалҳо бар асоси талаботи қарори ҳукумат "Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимӣ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум" сурат мегиранд.