Раҳмон ба Мирзиёев татбиқи нақшаҳояшро таманно кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекистонияш дар пайи баёни шодбошӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Ӯзбекистонро ба муносибати солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт.
"Ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд", - афзуд манбаъ.
Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон нақши Шавкат Мирзиёевро дар рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвари ҳамсоя ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намудаст.
Аз энегетика то тиҷорату нақлиёт: мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе
Президенти Тоҷикистон ба Узбекистони дӯст пешрафту шукуфоии хостааст.
Дар баробари шодбошию таманниёт, президентҳо ҷанбаҳои алоҳидаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
"Дар ин зимн омодагии қатъии ҷонибҳо ҷиҳати таъмиқи муколамаи эътимодбахши байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи босамари муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар мавриди таъкид қарор гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2016 ба ин сӯ роҳбарии Ӯзбекистонро ба уҳда дорад, 27 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззах таваллуд шудааст. Қабл аз ин ӯ, аз соли 2003 то 2013 дар мақоми сарвазири Ӯзбекистон фаъолият дошт.