Пирӯзии "Истиқлол" бар "Пахтакор" дар Тошканд

Бозии дӯстонаи дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бо дастаи маъруфи "Пахтакор"-и Тошканд дар меҳмонӣ дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тими "Истиқлол" дар бозии дӯстона дар меҳмонӣ бар тими "Пахтакор"-и шаҳри Тошканд пирӯз шуд.
Сабқати футболбозони тоҷикистонию ӯзбекистонӣ бо ҳисоби 2:1 бо бохти тими мизбон анҷомид.
Дар ин бозӣ легионерон худро нисбатан пурмаҳсул нишон доданд. Аз ҷумла ҳимоячӣ Артур Карташян ва ҳамлавар Сенин Себай ба дарвозаи тими Тошканд гол ворид намуданд.
Барои бошгоҳи Тошканд голи ягонаро ҳамлагар Драган Черан овард, ӯ низ легионер буда, қаблан дар дастаи "Насаф"-и Қаршӣ бозӣ мекард.
Персполис имкон дорад футболбози тоҷикистониашро фурӯшад
Маврид ба зикр аст, ки ки дар нимаи дуюми бозии дӯстона "Пахтакор" дар ҳайати худ тағйирот ворид намуд, аммо бо вуҷуд бохт.
Ахиран сармураббии "Истиқлол", Игор Черевченко, изҳор дошт, ки ин тим зӯрозмоӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё - AFC-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор додаст.
Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон рақиби ҷиддӣ барои ин тими Душанбе вуҷуд надорад ва бархе тимҳо метавонанд бо ҳисоби 1:0 мағлуб шаванду аз чунин бохт шодӣ кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Черевченко собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон ва мураббии шинохта, аввали соли равон ба ҳайси сармураббӣ ба дастаи "Истиқлол" пайваст.