ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Муносибатҳои байналмилалиро таҳаввулоти ҷиддие фаро гирифта, ҷаҳон сӯи системаи одилонатари чандқутбӣ равон аст, изҳор дошт дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев.
Вай зимни ҳамоиши мақомдорони баландпояи бахши амнияти кишварҳои узви БРИКС ва кишварҳои дӯст гуфт, пешгирӣ аз диктати ИМА дар муносибатҳои байналмилалӣ ба манфиати ҳамаи давлатҳои соҳибихтиёр аст.
Ӯ аз қавли раисҷумҳури Русия Владимир Путин таъкид кард, ки низоми бисёрқутбӣ ба принсипҳои эътимод ва ҷудонопазирии амният, имкониятҳои баробар барои рушди озоди ҳамаи кишварҳо ва халқҳо асос ёфтааст.
"Мутаассифона, ин тамоюли мунсифона боиси мухолифати ақаллиятҳои ғарбӣ шуда истодааст, ки дар талоши нигоҳ доштани ҳукмронии ҷаҳонӣ буда, аз ҳеҷ коре - аз таҳримҳои якҷониба то баргузории ҷангҳои гибридӣ худдорӣ намекунанд", - афзуд Патрушев.
Ба гуфтаи вай, кор ба ҷое расидааст, ки системаи мутамаркази низоми ҷаҳон, яъне системаи аксариятро як ақаллияти ҷаҳонӣ бо як навъ “тартиби асосёфта бар қоидаҳо” бозтоб медиҳад.
Патрушев изҳори итминон кард, ки ба манфиати тамоми давлатҳои соҳибихтиёр пешгирӣ кардани ҳукмфармоии амрикоӣ ва таҳмил кардани равишҳои худ ба дигарон аст.
Дар меъмории муосири сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон афзоиши намояндагии кишварҳои Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва Ховари Миёна, пеш гирифтани сиёсати мустақили хориҷӣ ва омодагӣ ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ниҳодҳои соҳибистиқлоли онҳо ба таври васеъ афзоиш меёбад, таъкид кард вай.