ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро тақрибан соати 6-и субҳи 23 июл боз заминларза такон дод.
Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон иттилоъ дода, афзуд, ки маркази заминҷунбӣ дар ноҳияи Шуғнон воқеъ будааст.
Тавоноии заминларза дар марказ то 4 дараҷа арзёбӣ гардидаст. Сарчашмаи заминҷунбӣ дар умқи 100 километр ҷойгир будааст, хабар медиҳад Маркази сейсмологии Ӯзбекистон.
Ин заминларзаи дуюм тайи рӯзҳои охир дар ВМКБ мебошад. Ахиран зилзилашиносон дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон, дуртар аз қуллаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино (қуллаи Ленини собиқ) заминҷунбӣ сабт намуда буданд.
Таъкид шуда буд, ки қувваи ларзиши зеризаминӣ 4 балл буда, дар чуқурии 176 километр рух додааст.
Маврид ба зикр аст, ки харобиовартарин заминҷунбие, ки соли равон дар Тоҷикистон сабт шудааст, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сар зада буд, ки даҳҳо хона бар асари он тахриб шуданд.
Чане пеш раиси ин ноҳия зимни як ҷаласа изҳор дошт, ки сохтмони манзилҳои тахрибшудаи сокинон бояд то 1 август анҷом ёбад.