ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар панҷ соли оянда бошад, дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бунёди 92 корхонаи саноатӣ дар назар аст.
Дар ин бора нашрияи ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" ба такя ба мақомоти иҷроияи вилоят хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, дар корхонаҳои навташкил наздики 1,4 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам хоҳанд шуд.
"Ин раванд ба фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, ки аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва ба ғанӣ гардондани буҷети кишвар бештар мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар матлаб.
Ҳукумати ВМКБ барои рушди соҳаи саноат бо назардошти дастрасӣ ба ашёи хоми ватанӣ дар мавзеи Теми Поёни шаҳри Хоруғ амалигардонии 5 лоиҳаи сохтмони корхонаҳои саноатии дорои иқтидори миёна ба роҳ мондаст.
Аз ҷумла корхонаи коркарди санги "Суман", ки ба маблағи 7,5 млн сомонӣ сохта шудааст, аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин азнавсозии корхонаи "Помир Энерго Сервис", ки барои коркарди оҳану бетон пешбинӣ гардидааст, аллакай оғоз шуда, беш аз нисфи корҳо дар он анҷом ёфтааст.
Ба иттилои мақомоти ВМКБ, соли 2022 дар ҳудуди вилоят 30 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо таъмини беш аз 400 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шуд.