Аз энегетика то тиҷорату нақлиёт: мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Сарвазирони ҳар ду ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки барои иҷрои супоришҳои раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои муҳимро бояд идома дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти раёсати сарвазирони ҳар ду кишвар баргузор гардид, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар мулоқот самтҳои гуногуни ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, дар ҷаласа таъкид шуд, ки давоми солҳои охир дар доираи сиёсати созандаи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рушди муносибатҳои дуҷониба таъмин гардид.
"Ҷонибҳо бо мақсади иҷрои супоришҳои сарони давлатҳо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самту соҳаҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Илова бар ин, амалигардонии нақшаҳо ва дар ҳамин замина таҳкими робитаҳо тавасути истифодаи захираҳои табиӣ дар соҳаи энергетика ба манфиати ҳарду давлатмебошад.
Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт
Сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон амалишавии ҳадафҳои роҳбарони ду давлатро самарабахш донистанд.
Зикр гардид, ки дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ рушди дучанди робитаҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъмин карда мешавад.