ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҳайати бузурги варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ширкат хоҳад кард.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ ба мухбири Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ҳудуди 130 нафар варзишгарон дохил мешаванд.
"Ҳанӯз ҳайати дақиқ муайян карда нашудааст, зеро масъалаи ҳуҷҷатҳо ва чиптаҳо ба Беларус ҳал мешаванд. Аммо аллакай маълум аст, ки беш аз 120 варзишгар дар Бозиҳои ИДМ аз қайд гузаштаанд", - гуфта манбаъ.
Вай афзуд, дар назар аст, ки шумораи умумии намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ҳудуди 130 нафарро ташкил кунад.
Ба гуфтаи ӯ, варзишгарони тоҷик тақрибан дар ҳамаи намудҳои варзиш, ки дар мусобиқоти Беларус ҷой доранд, иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла дар назар аст, тим ҳудуди 20 бонуро низ дар бар гирад.
Нахустин бозиҳои кишварҳои ИДМ соли 2021 дар Қазон баргузор шуда буданд. Он замон аз Тотористон 1500 нафар иштирокчиён дидан карданд, ки аз ин шумора 1100 нафар варзишгарон аз 9 кишвари ИДМ буданд.
Дар онҳо ҳудуди 50 нафар аз Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд, ки дар натиҷа 14 ҷоиза - 7 нуқраю 7 биринҷӣ ба даст оварданд.
Бозиҳои II кишварҳои ИДМ аз 3 то 15 август дар Беларус баргузор мешаванд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, мусобиқаҳо дар шаҳрҳои Минск, Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилев, Молодечно, Орша ва Солигорск сурат мегиранд.