Тоҷикистон ба Ҷоми ҷудои Осиё меравад: кӣ ба мунтахаб ҳамроҳ шудааст?

Дар Ӯзбекистон беш аз 180 варзишгар барои медалҳои Ҷоми Осиё дар риштаи дзюдо мубориза мебаранд. Фонди ҷоизаи мусобиқаи байналмилалӣ 200 ҳазор евро аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Варзишкорони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни кадетҳо ва наврасон дар Тошканд ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа 33 наврасу 49 кадетро мефиристад.
Аз ҷумла, Нуралӣ Эмомалӣ ва Обид Ҷебов (66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) дар ин мусобиқа иштирок хоҳанд кард.
Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни кадетҳо ва наврасон аз 27 то 30 июл баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа 86 варзишкор аз 4 кишвар ва 97 наврас аз 3 кишвар барои медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Баргузории аввалин қаҳрамонии кушод дар риштаи гуштингирӣ дар Русия
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон фонди ҷоиза 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Барои ғолибони ҷойи якуми ин мусобиқа 6000 евро, ҷойи дувум 4000 евро ва барои ҷойи сеюм 2000 евро медиҳанд. Варзишкорон инчунин барои пеш рафтан дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ низ холҳо мегиранд.
Бар асоси низомномаи Федератсияи байнулмилалӣ мусобиқот аз рӯи 16 вазн миёни кадетҳо ва 14 вазн миёни наврасон баргузор мешавад.