ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар минтақаи Котелники вилояти назди Маскав кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия вобаста ба ташкили раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ рейдҳо гузаронданд.
Кумитаи тафтишотии Русия дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии ин кишвар санади беш аз 150 муҳоҷири меҳнатиро тафтиш кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди қудратӣ.
Маълум шуд, ки 5 нафари онҳо ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд.
"Санҷишҳо дар доираи тафтишоти ҷиноӣ вобаста ба ташкили будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон дар ҳудуди минтқаи Котелники дар корхонаҳо ва инчунин дар маҳалли зисти раҳбарони онҳо сурат гирифтааст", - омадааст дар хабар.
Пулиси Русия ва кормандони Кумитаи тафтишотӣ ба 26 суроға сар заданд.
Аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба каҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, хобгоҳҳо, майдончаҳои бинокорӣ, хонаҳои ба истилоҳ “резинӣ" сар заданд.
Ба иттилои мақомоти интизомӣ, тоҷирони бидуни патент муҳоҷиронро бо кор ва манзил таъмин кардаанд. Яке аз соҳибкорон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ахиран рейдҳои мақомоти интизомӣ ба масҷидҳо ва ҷойҳои намозгузории мусулмонон дар вилояти назди Маскав ба хотири ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бештар шудааст.